Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури Раҳмон дар робита бо интихобот


Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қайроқум ба роҳбарони сохторҳову мақомоти давлатӣ дастур дод, ки барои ташкил ва дар “фазои озоду шаффоф” гузаронидани интихоботи парлумонии кишвар тадбирҳои муассир андешанд. Сомонаи president.tj менависад, Раҳмон таъкид кардааст, ки интихобот чун як маъракаи муҳими сиёсӣ бояд чун як омили “муттаҳҳидкунандаи бештари мардум” хизмат кунад, на баръакс. Интихоботи парлумонии Тоҷикистон моҳи феврали соли 2010 баргузор мешавад. Ба ҳайати парлумони амалкунандаи кишвар асосан аъзои ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ шомил ҳастанд ва аз ҳоло ҳизбҳои мухолифин изҳори нигаронӣ кардаанд, ки интихоботи навбатӣ низ метавонад мисли райъгириҳои гузашта бо тақаллуби фаровон ва мудохилаи мақомоти давлатӣ ба хотири ба маҷлис роҳ ёфтани танҳо тарафдорони ҳизби ҳоким баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG