Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Тоҷикистон 7 гирифтори зукоми хук аст


Вазорати беҳдошти Тоҷикистон ба Азия-Плюс хабар додааст, ки дар кишвар шумори гирифторони вируси навъи H1N1, маъруф ба зукоми хук ба ҳафт нафар расидааст. Аз ин шумор панҷ нафар шаҳрвандони Ҳинд, Африқо, Италия, Русия ва Чин мебошанд, ки аллакай дар ҳолати олудагӣ ба ин вирус вориди Тоҷикистон шудаанд. Се гирифтори зукоми хук ҳоло дар беморхонаи амрози сироятии Душанбе мавриди муроқибати табибон қарор доранд. Вазорати беҳдошт гуфтааст, ки вуҷуди вирусро дар ҷисми ду нафари дигар озмоишҳои лабораторӣ муайян кардааст. Аъзами Мирзоев, муовини вазири беҳдошт гуфт вазъи сиҳҳатии ин беморон мӯътадил аст. Вай аз сокинони Тоҷикистон даъват кард, ки ба воҳима дода нашаванд, чунки тадбирҳои ҷилавгирикунанда аз олудагӣ ба зукоми хук дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Вай дар сӯҳбат бо Азия-Плюс гуфт, ки ба наздикӣ бо мусоидати Бонки ҷаҳонӣ ва Иттиҳодияи Аврупо ба кишвар ба маблағи 574 ҳазор доллар дастгоҳи нави ташхиси зукоми хук ворид шудааст.
XS
SM
MD
LG