Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусоҳиба бо сафири Тоҷикистон дар САҲА


Нуриддин Шамсов, сафири Тоҷикистон дар САҲА, дар пайи суханронии Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар анҷумани САҲА дар Афина, бо Радиои Озодӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом дод.

Оқои Шамсов гуфт, дар анҷоми дидори вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви САҲА санадҳое қабул хоҳанд гардид ва Тоҷикистон интизор аст, ки масоили таъкидшуда дар суханронии Ҳамроҳхон Зарифӣ дар ин санадҳо ба таври ҳатмӣ инъикос хоҳанд ёфт.

Суханронии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин нишаст

Яке аз масоиле, ки дар суханронии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид шуда буд, ба об ва энержӣ дар минтақа рабт дошт. Нуриддин Шамсов гуфт, баъзе аз кишварҳои минтақа ба мисли Қирғизистон ва Туркманистон назари худро дар ин масъала эълон кардаанд ва то андозае мавқеъгирии ин кишварҳо бо манофеъи миллии Тоҷикистон созгор аст. Қирғизистон ба мисли Тоҷикистон соҳиби захираҳои обист ва дар ин мавзӯъ ҳар ду кишвар як мавқеъ доранд. Туркманистон ахиран изҳор карда буд, ки масрафоти кишварҳои болооб бояд аз ҷониби кишварҳои поиноб пардохта шавад. Қазоқистон дар соли оянда раҳбарии САҲА-ро ба дӯш хоҳад гирифт. Сафири Тоҷикистон дар САҲА гуфт, умедвор аст, ки дар баррасӣ ва ҳалли ин масоил дар минтақа дар соли раисии кишвари «ба Тоҷикистон ҳамсоя ва дӯст тағйироти мусбат» ба миён ояд.

Сафири Тоҷикистон дар САҲА дар робита ба мушкили минаҳо дар марзҳои Тоҷикистон изҳори боварӣ кард, ки САҲА дар фаъолияти худ дар Тоҷикистон барои соли 2010 ва солҳои баъдӣ ба ин мавзӯъ аҳаммияти вижа хоҳад дод ва «ҳамчун як созмони минтақавии барӯманд дар таъсиси муколамаи созанда миёни кишварҳои ОМ саҳми босазо хоҳад гирифт.»

Нуриддин Шамсов гуфт, аз ҷумлаи нукоте, ки ҷониби Тоҷикистон барои санадҳои хотимавии нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви САҲА таҳия кардааст, мусоидати бештар ба Тоҷикистон дар идораи марзҳои Тоҷикистон ва мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад.

Сӯҳбати муфассали Нуриддин Шамсов, сафири Тоҷикистон дар САҲА, дар паҳлӯи рости ин саҳифа дастрас аст.
XS
SM
MD
LG