Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз Зайдӣ қасоси Бушро ситонданд


Мунтазир Зайдӣ, хабарнигори ироқӣ, ки соли гузашта дар Бағдод сӯи раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш пойафзолашро партоб карда буд, худ мавриди ҳамин гуна ҳамла қарор гирифт. Дар як нишасти хабарӣ дар Порис, як хабарнигори ироқӣ, ки дар хориҷи кишвар ба сар мебарад, пойафзоли худро сӯи Зайдӣ ҳаво дод. Зайдӣ маҷбур шуд, ки ҳамчунин Буш худро аз пойафзоли партобшуда канор бикашад. Гуфта мешавад, ки хабарнигор Зайдиро дар ҳамкорӣ бо режими Саддом Ҳусейн айбдор карда, аз амалиёти Амрико дар Ироқ ситоиш намудааст.
XS
SM
MD
LG