Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: ИМА ба Афғонистон боз 30 ҳазор низомӣ мефиристад


ИМА соли оянда ба Афғонистон ба таври иловагӣ 30 ҳазор афсару сарбоз мефиристад. Дар ин бора раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар як суханронӣ оид ба вазъи Афғонистон дар Академияи низомии воқеъ дар Вест-Поинти аёлати Ню-Йорк хабар дод. Обама ҳамчунин аз кишварҳои ҳампаймон дар Эътилофи байнулмилалӣ даъват кард, ки ба Афғонистон нерӯҳои иловагӣ интиқол диҳанд.
Айни ҳол дар Афғонистон 68 ҳазор афсарону сарбозони амрикоӣ ва тақрибан 32 ҳазор низомиён аз дигар кишварҳои Эътилофи байналмилалӣ мустақаранд.
XS
SM
MD
LG