Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни садамаи "Невский экспресс" дақиқ шуд


Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия иттилоъи ниҳоӣ дар бораи қурбониёни садамаи қатори “Невский экспресс”-ро эълон кард. Гуфта мешавад, ки дар ин ҳодиса 26 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳама ҷасадҳо шинохта шудаанд. Вазорат иттилоъи қаблӣ дар бораи ҳалокати 27 мусофирро рад намуд. Бар асари садама беш аз 90 нафар маҷрӯҳ шудаанд ва онҳо айни ҳол дар бемористонҳои шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва вилояти Новгород таҳти назорати табибон қарор доранд. Вазъи 13 нафари маҷрӯҳон сангин арзёбӣ мешавад.
Қатори “Невский экспресс” дар масири Маскав-Петербург рӯзи 27 ноябр бар асари таркиш гирифтори садама шуд. Айни ҳол ҷустуҷӯи гумонбарон дар ин ҳамлаи террористӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG