Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси истирдоди Чичваркин мавқуф гузошта шуд


Додгоҳи минтақаи Вестминстери Лондон бозрасии парвандаи истирдоди раиси собиқи ширкати “Евросет”-и Русия Евгений Чичваркин ба Маскавро то рӯзи 2 августи соли 2010 мавқуф гузошт. Додраси додгоҳ тасмимро бо омил марбут кард, ки ҳама асноди фиристодаи Додситонии кулли Русия бояд ба забони инглисӣ тарҷума шавад. Чичваркин гаравпулӣ пардохт кард ва дар озодӣ боқӣ хоҳад монд ва аммо ӯ аз ин баъд ҳаққи тарки қаламрави Британияро надорад.
Мақомоти Русия раиси собиқи ширкати “Евросет”-и Русия Евгений Чичваркинро дар чанд ҷиноят, аз ҷумла, одамрабоӣ айбдор мехонанд. Ва аммо Чичваркин иттиҳомотро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG