Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоди Шӯрои Аврупо аз раъйпурсии Швейсария


Шӯрои Аврупо, органи аслии дифоъ аз ҳуқуқи башари Иттиҳодияи Аврупо, аз манъи бунёди манораҳо дар масоҷиди Швейсария интиқод кард. Шӯрои Аврупо дар як изҳорот мавриди раъйдиҳии мардум қарор додани ҳуқуқҳои аслии инсониро зери суол бурд.
Аз ин пеш Кумитаи ҳуқуқи башари СММ низ изҳор карда буд, ки натоиҷи раъйдиҳӣ дар Швейсария оид ба манъи бунёди манораҳо дар масоҷид – нақзи ҳуқуқи инсон аст. Ба гуфтаи раиси ин ниҳоди СММ, раъйпурсӣ ихтилофоти ҷиддӣ дар мавқеъгирӣ дар ҷомеъаи Швейсарияро урён кард. Дар ҳамин ҳол вазири умури хориҷаи Швейсария Мишлен Калми-Рэй изҳор намуд, ки натоиҷи раъйпурсии рӯзи якшанбе амнияти кишварро ба хатар мувоҷеҳ мекунад.
Ёдовар мешавем, тибқи натоиҷи раъйпурсӣ, ки бо ибтикори як ҳизби миллатгарои Швейсария баргузор шуд, 54 дар сад алайҳи бунёди манораҳо дар масоҷиди кишвар овоз доданд.
XS
SM
MD
LG