Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти норушани дарёнавардҳои британиявӣ


Вазири умури хориҷаи Британия Дэвид Милибанд хостори ҳалли мусолиматомези қазияи боздошти панҷ дарёнаварди кишвар аз сӯи нерӯҳои дарёии Эрон шуд. Ӯ аз Теҳрон даъват кард, ки шаҳрвандони Британияро аз банд раҳо кунад. Мақомоти Эрон иддао доранд, ки дарёнавардони британиявӣ савори киштии варзишӣ аз марзҳои обии кишвар убур кардаанд. Онҳо изҳор намуданд, ки агар дар ҷараёни бозпурсӣ убури барқасдонаи марзҳои обӣ ва “ниятҳои нопок”-и дарёнавардон ошкор шавад, онҳо ҳатман муҷозот хоҳанд шуд. Исфандиёр Раҳим Мошоӣ, раиси дафтари раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод ахиран гуфт, ки парвандаи дарёнавардон мавриди муҳокимаи додгоҳӣ қарор мегирад.
XS
SM
MD
LG