Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарпечии Терҳон аз идомаи музокирот бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ


Эрон дар робита ба барномаи ҳастаии худ бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ вориди музокирот нахоҳад шуд. Ин изҳороти раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод дар мусоҳиба бо телевизиони давлатии Эрон садо дод. Ӯ қатъномаи ахири Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ бо талаби бастани корхонаи ғанисозии ураниумро шадидан танқид кард. Маҳмуди Аҳмадинажод ҳамчунин кишварҳои абарқудрат, аз ҷумла, Русияро, барои пуштибонӣ аз ин қатънома маҳкум намуд.
Вазъи атрофи барномаи ҳастаии Эрон баъди он доғ шуд, ки Теҳрон пешниҳодҳои ахири ҷомеъаи ҷаҳониро рад кард ва эълом дошт, ки дар кишвар боз даҳ корхонаи ғанисозии ураниум бунёд хоҳад шуд. Раҳбарони кишварҳои ғарбӣ чандин бор изҳор карданд, ки ба ин гуна мавзеъгирии Теҳрон бояд бо ҷорӣ кардани таҳримҳои нав посух дод.
XS
SM
MD
LG