Пайвандҳои дастрасӣ

Олмон ба Афғонистон нерӯҳои нав намефиристад


Олмон барои фиристодани нерӯҳои иловагӣ ба Афғонистон омода нест. Дар ин бора ахиран Садри аъзами Олмон Ангела Меркел изҳорот пахш кард. Ӯ гуфт, ки кишвараш натоиҷи конфаронси байнулмилалӣ оид ба Афғонистонро, ки баъд аз чанд ҳафта дар Лондон баргузор мешавад, интизор хоҳад шуд.
Айни ҳол дар Афғонистон тақрибан 4 ҳазор низомиёни олмонӣ мустақаранд. Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик парлумони Олмон мандати ҳузури онҳоро дар Афғонистон тамдид кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG