Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқод аз мнаъи манорасаозӣ дар Швейсария


Масъули аршади Созмони Милал дар умури ҳуқуқи инсон гуфт, тасмими Швейсария дар манъ карданми сохтани манораҳо як иқдоми табъизомез аст. Нейвӣ Пиллой ҳамчунин раъйдиҳии марбут ба ин тасмимро маҳкум кард ва онро амали зидди хориҷиён, тарсбарангез ва амиқан ҷудоиандоз номид. Дар назархоҳии умумии рӯзи якшанбе, ки аз тарафи аҳзоби миллатгаро пуштибонӣ шуд, зиёда аз 57 дарсади швейсариҳо ба тарафдорӣ аз манъи сохтмони манораҳо раъй доданд. Созмонҳои исломӣ низ ба ин иқдом эътироз карданд ва вазири умурги хориҷии Швейсария Мишелин Калмо Рей гуфт, манъи бунёди манораи масоҷид амнияти кишварашро дар хатар мегузорад.
XS
SM
MD
LG