Пайвандҳои дастрасӣ

Талаби 8 соли зиндон барои собиқ вазири Қирғизистон


Додситони Қирғизистон дар муҳокимаи собиқ вазири дифои ин кишвар, ки дар сирқати сармоя ва даст доштан дар фасоду ришват айбдор мешавад, 8 соли зиндон талаб кард. Айбдоршаванда Исмоил Исҳоқов гуфт, худро гунаҳкор намешуморад ва парвандаи зидди ӯ ангезаи сиёсӣ дорад. Додситон ҳамчунин талаб кардааст, Исҳоқов аз унвони генерал-лейтенант маҳрум ва тамоми моликияти ӯ мусодира карда шавад. Исҳоқов яке аз шарикони наздики президенти Қирғизистон, Қурманбек Боқиев буд, ки пас аз инқилоби лолаии соли 2005 аввал раиси Шӯрои амният ва сипас вазири дифоъ таъин шуд. Моҳи октябри соли гузашта вай аз мақомаш истеъфо дода, ба сафи мухолифон пайваст ва тарафдоронаш мегӯянд, парвандаи ҷиноӣ маъни интиқом аз ӯро дорад.
XS
SM
MD
LG