Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳокимаи истиқлолияти Косово дар додгоҳ


Сербия имрӯз ба болотарин додгоҳи Созмони Милал шикоят кард, ки эъломияи истиқлолияти Косово хилофи қонуни байнулмилал буда, ба соҳибихтиёрии Сербия зарба мезанад. Сафири Сербия дар Фаронса, Душан Батакович ба Додгоҳи байнулмилалии Гаага гуфт:

"Сербҳо дар Косово амалан ба ақаллияте дар кишвари худ табдил ёфтанд. Эъломияи якҷонибаи истиқлолияти маъмурияти муваққатии Косово баёнгари нақзи ошкорои соҳибихтиёрии Сербия ва тамомияти арзии он мебошад. Сербия мухолифи ин тасмими ғайриқонунӣ ва номашрӯъст."

Сербия аз додгоҳ хостааст, назари хешро ба қонунмандии эъломияи истиқлолияти Косово изҳор дорад, ки дар моҳи феврали соли 2008 садо дода буд. Зиёда аз 60 кишвар, ғолибан аз Иттиҳоди Аврупо истиқлолияти Косовро ба расмият шинохтанд, аммо Сербия ва ҳампаймони он Русия ба он мухолифат кардаанд.
XS
SM
MD
LG