Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши теъдоди беморони зукоми хук дар Тоҷикистон


Шумораи гирифторони ангали зукоми хук дар Тоҷикистон ба 7 нафар расидааст. Намояндаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба хабаргузории Азия-Плюс гуфтааст, панҷ мавриди беморӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ марбут буда, ки пеш аз сафар ба Тоҷикистон мариз шудаанд. Гуфта мешавад, се нафари онҳо аз фурудгоҳи Душанбе ба бемористон интиқол дода шудаанд. Ду нафари боқимонда шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, ки низ таҳти муоина қарор доранд ва дар ҳоли ҳозир вазъи онҳо қаноатбахш аст.
XS
SM
MD
LG