Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарифӣ ба рушди "дипломатияи об" даъват кард


Вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ дар машварати вазирони кишварҳои узв дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Афина гуфт, рушди имкониятҳои гидроэнергетикии кишварашро ҳаётан муҳим номид ва афзуд, Тоҷикистон тарафдори иҷрои рӯшод ва шаффофи тарҳҳои энержии худ аст, ки аз тарафи чандин ниҳодҳои байнулмилалӣ таҳқиқ ва натиҷагирӣ шудаанд. Вай гуфт, мушкилоти марбут ба об дар Осиёи Марказӣ на аз бунёди иншооти энержӣ, балки аз истифодаи бебаркаш ва исрофкоронаи об маншаъ мегирад. Ҷаноби Зарифӣ аз кишварҳои узви САҲА даъват кард, ташаббуси Тоҷикистонро барои Соли дипломатияи об эълон кардани соли 2012-ро дастгирӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG