Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷустуҷӯи комиссияи ҳавзавӣ


Аҳзоби сиёсии Бадахшон аз адами фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар маҳалҳо изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба гуфтаи аҳзоб, ин ҳолат боис шудааст, ки дар бархе аз маворид мақомот иҷрои вазифаҳои КМИР-ро дар маҳалҳо ба даст мегирад.

Ба гуфтаи раиси бахши вилоятии ҲСДТ Алим Шерзамонов, онҳо аз ҷониби роҳбари дастгоҳи раиси вилоят талаб намудани рӯйхати аъзои ҳизб ба мақсади шомил гардиданашон ба рӯйхати комиссияҳои ҳавзавиро нишонаи дахолат ба интихобот шуморида, бар ин назаранд, ки ин корро бояд намояндагони Комиссияи интихобот ва раъйпурсии кишвар анҷом диҳанд.

Роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Хушқадам Давлатқадамов дар посух ба ин иддао гуфт, вай ба мақсади таъмини шаффофияти интихобот танҳо фикрашро дар мавриди наҳваи таъсиси комиссияҳои ҳавзавӣ изҳор дошааст, аммо аҳзоб мавқеъашро нодуруст фаҳмида, вайро ба дахолат муттаҳам кардаанд. Ба гуфтаи роҳбари дастгоҳ, рӯйхати намояндагони аҳзоб бояд аз ҷониби садорати марказии ин ҳизбҳо пешниҳод шавад, аммо одатан таъхир дар пешниҳоди рӯйхат боис мешавад, аз боло ба мақомот муроҷеъ мешаванд.

Дар ҷаласаи садорати бахши вилоятии ҲНИТ, ки мавқеъи ҳизбро дар ростои интихоботи порлумонии оянда мавриди баррасӣ қарор дод, гуфта шуд, адами фаъолияти Комиссиюн дар маҳалҳо дар пешоруи интихоботи оянда авзоъи номуайяниро ба вуҷуд овардааст. Намояндаи ҳизб дар ноҳияи Ишкошим мегӯяд, онҳо рӯйхати аъзои ҳизбро, ки бояд ба комиссияҳои ҳавзавӣ шомил шаванд, тартиб додаанд, аммо намедонанд, ки онро ба кӣ пешниҳод кунанд. Ба гуфтаи Шодмонбек Ҷонибеков, анъанаи аз ҷониби шӯъбаҳои ташкилии мақомот назорат кардани интихобот ҳанӯз ношикаста боқӣ мемонад ва ба назар мерасад, ки дар ҷараёни омодагӣ ба интихоботи порлумонии оянда низ аҳзоб ба мақомот кордор хоҳанд шуд.

Узви КМИР Шодмонбек Юсуфбеков мегӯяд, онҳо ҳуқуқи баррасии аснодро надоранд, зеро интихоботи нав 75 рӯз қабл аз поён ёфтани мӯҳлати вакилони порлумон эълом ва дар асоси он комиссияҳои нави интихоботӣ таъсис мегарданд.

Ба гуфтаи намояндаи ҲХДТ Абдуласейн Худоиев, барои фаъолияти доимии комиссияҳои ҳавзавӣ дар маҳалҳо зарурате мавҷуд нест. Аммо ба фикри намояндагони аҳзоби дигар, ба таври доимӣ фаъолият накардани комиссияҳои интихоботӣ дар маҳалҳо боиси маҳдуд кардани талошҳои пешазинтихоботӣ дар доираи 75 рӯз мегардад, ки дар шароити кӯҳистон мӯҳлати нокофӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG