Пайвандҳои дастрасӣ

Хуруҷи расмии Узбакистон аз шабакаи ягона энержӣ


Имрӯз Узбакистон расман аз шабакаи ягонаи энержии Осиёи Марказӣ, ки аз замони шӯравӣ вуҷуд дошт, берун шуд ва дигар ба интиқоли нерӯи барқ аз тариқи хатҳои худ иҷоза намедиҳад. Мақомоти Тошканд мегӯянд, ҳадаф аз ин иқдом таъмини амнияти энержии Узбакистон ва таъмини кори бехалали шабакаи барқи ин кишвар аст. Онҳо ҳамчунин ишора кардаанд, ки ин тасмим зимни истифодаи беиҷозаи нерӯи барқ аз шабакаи ягонаи минтақаӣ аз тарафи Тоҷикистон гирифта шудааст. Ба воситаи шабакаи ягона шимоли Тоҷикистон аз барқи Узбакистон ва вилояти Сурхондарёи Узбакистон аз барқи Тоҷикистон истифода мекарданд. Охири ҳафтаи гузашта Тоҷикистон хабар дод, ки бо бунёди хатти баландшиддати барқ таъмини шимоли кишварро бо барқ бар дӯш гирифтааст. Узбакистон акнун машғули бунёди чунин хат ба вилояти Сурхондарёст. Расонаҳои хабарӣ мегӯянд, тасмими Узбакистон нишонаи идомаи мухолифати сахти Тошканд ба тарҳҳои энержии Тоҷикистон аст. Вале мақомоти Узбакистон гуфтаанд, тасмими онҳо ангезаи сиёсӣ надорад.
XS
SM
MD
LG