Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидорҳои вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар Афина


Вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ дар машварати вазирони кишварҳои узв дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Афина бо ҳамтои худ аз Қазоқистон, Қанот Савдобоев мулоқот кард. Вай аз раёсати ояндаи Қазоқистон бар ин созмон пуштибонӣ намуд. Дар гуфтушуниди Зарифӣ бо мақомоти Созмони амният ва ҳамкории Аврупо равобити Тоҷикистон бо ин ниҳод ва Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин интизор меравад, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои гуногуни узви САҲА дидору гуфтушунид хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG