Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони чолишии Тоҷикистон муайян шуданд


Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми чолиши АФК-2010 дар як гурӯҳ бо Мянмар, Шри-Ланка ва Бангладеш рақобат хоҳад кард.

Дар шаҳри Коломбо, пойтахти Шри-Ланка, ки дар охири моҳи феврал мизбони марҳилаи ниҳоии саввумин Ҷоми чолиши Конфедеросюни футболи Осиё хоҳад буд, қуръаи ин сабқат кашида шуд.

Натиҷаи қуръакашӣ барои Тоҷикистон бад набуд ва мунтахаби тоҷдорон дар гурӯҳи «А» бо рақибони нисбатан заифтар нерӯ хоҳад санҷид. Бозии нахустини худро Тоҷикистон рӯзи 16-уми феврал бо Бангладеш доир хоҳад кард. Сипас, Шри-Ланка (18-уми феврал) ва дар охир Мянмар (20-уми феврал) рӯбарӯи Тоҷикистон ба майдон хоҳанд баромад.

Дар гурӯҳи дигар дорандаи феълии Ҷом – Ҳиндустон бо Туркманистон, Қирғизистон ва ширкатдори марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2010 Кореяи шимолӣ бозӣ мекунад.

Ду мунтахаби беҳтарин аз ҳар ду гурӯҳ ба даври нимниҳоӣ хоҳанд рафт. Ғолиби сабқат (ё соҳиби нишонҳои нуқра агар Ҳиндустон баранда шавад) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 роҳхат мегирад.

Тоҷикистон дар нахустин Ҷоми чолиш дар соли 2006 дар Бангладеш дар бозии ниҳоӣ ба дарвозаи Шри-Ланка чаҳор голи беҷавоб зада буд. Дар дуввумин сабқат дар соли 2008 дар Ню-Деҳлӣ Тоҷикистон дар бозии ниҳоӣ аз мизбон – Ҳиндустон бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрда буд.
XS
SM
MD
LG