Пайвандҳои дастрасӣ

Кохи сафед изҳор намуд, ки раисҷумҳур Барак Обама дар бораи интиқоли нерӯҳои иловагии амрикоӣ ба Афғонистон тасмим гирифтааст. Вай дар ин бора аллакай амр содир карда, қарор аст, аз тасмимаш сарони Русия, Бритониё ва Фаронсаро огоҳ кунад.

Интизор меравад, имрӯз, 1-уми декабр, Кохи сафед дар бораи ирсоли даҳҳо ҳазор сарбози иловагӣ ба Афғонистон эъломияи расмӣ пахш мекунад.

Сухангӯи Кохи сафед Роберт Гибс дар як нишасти матбуотӣ дар Вашингтон гуфт, Обама аллакай бо раисҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ телефонӣ сӯҳбат карда, ин мавзӯъро бо вай матраҳ намудааст ва сипас бо нахуствазири Бритониё Гордон Браун ва президенти Русия Дмитрий Медведев ҳам тамос хоҳад дошт.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, имрӯз Барак Обама дар паёми телевизионӣ дар бораи фиристодани боз 30 ҳазор афсару сарбози амрикоӣ ба Афғонистон иттилоь хоҳад дод. Фармондеҳи нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон генерал Стенли Маккристал қаблан гуфта буд, барои пирӯзӣ бар Толибон ва ҳампаймонҳои онҳо дар Афғонистон бояд ба ин кишвар боз 40 ҳазор нерӯи иловагии амрикоӣ интиқол дода шавад.

Ҳукумати Бритониё низ дар бораи афзоиши нерӯҳояш дар Афғонистон иттилоь дод. Нахуствазири Бритониё Браун расман эълом намуд, ки кишвараш омода аст ба Афғонистон ба таври иловагӣ боз 500 афсару сарбоз фиристад.

Дар айни замон дар Афғонистон дастикам 68 ҳазор сарбози амрикоӣ ва наздик ба 32 ҳазор сарбози кишварҳои эътилофӣ байналмилалӣ мустақаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG