Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мессӣ соҳиби "Тӯби тиллоӣ" шуд


Лионел Мессӣ, бозигари дастаи “Барселона” ва мунтахаби Аргентина, соҳиби “Тӯби тиллоӣ”, волотарин ҷоиза барои футболюозони дастаҳои Аврупо шуд. Ӯ нахустин футболбоз аз Аргентина аст, ки ба ин ҷоиза соҳиб шудааст. Дар сабқати ниҳоӣ барои дарёфти “Тӯби тиллоӣ” даҳ нафар, аз ҷумла, Кристиан Роналдо, Дидие Дрогба ва Уэйн Рунӣ ширкат доштанд ва аммо хабарнигорон аз гӯшаҳои гуногуни олам Мессиро барои ин ҷоиза сазовор донистанд. Мессӣ дар бозиҳои гузаштаи Лигаи чемпионҳо ба дарвозаи ҳарифони “Барселона” 9 гол зада буд.
XS
SM
MD
LG