Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳкумсозии натоиҷи раъйпурсӣ дар Швейсария


Мақомоти бархе кишварҳову созмонҳои байнулмилалӣ натоиҷи раъйпурсӣ дар Швейсария оид ба манъи бунёди манораҳои масоҷидро маҳкум карданд. Ватикан изҳор намуд, ки натиҷаҳои ин маърака "дар ҳамзистии адёну фарҳангҳои гуногун мушкили нав эҷод мекунад". Вазири умури хориҷаи Фаронса Бернард Кушнер манъи бунёди манораҳоро “баёнгари таҳаммулнопазирӣ” номид ва изҳори умедворӣ кард, ки ин тасмим бозниграӣ мешавад. Дар ҳамин ҳол бархе аз аҳзоби ростгаро ва миллатгарои Аврупо аз натоиҷи раъйпурсӣ истиқбол кардаанд.
Ҳукумати Швейсария эълом дошт, ки манъи бунёди манораҳо дар масоҷид ҳуқуқи мардуми мусалмони кишварро поймол месозад ва обрӯи байнулмилалии давлатро пойин мебарад.
XS
SM
MD
LG