Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи тафтиши қазияи садамаи "Невский экспресс"


Имрӯз маросими дафни қурбониёни садамаи қатори “Невский экспресс”баргузор мешавад. Ба иттилоъи расмӣ, дар ин ҳодиса 26 нафар ба ҳалокат расидаанд ва сарнавишти ду нафар номаълум боқӣ мондааст. Гуфта мешавад, ки бештари қурбониён – сокинони Санкт-Петербурганд. Муовини аввали сарвазири Русия Виктор Зубков дирӯз изҳор намуд, ки ба хонаводаҳои қурбониёни садама беш аз 1 миллион рублӣ ҷубронпулӣ пардохт карда хоҳад шуд.
Садамаи қатори “Невский экспресс” дар масири Маскав-Петербург рӯзи 27 ноябр рух дод. Мақомоти тафтишот ҳамлаи террористиро чун фарзияи аслии ин ҳодиса таҳқиқ мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG