Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати боз як сарбози британиявӣ дар Афғонистон


Бар асари як инфиҷор дар ҷануби Афғонистон як сарбози британиявӣ кушта шуд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, имсол бар асари даргириҳо ва ҳамлаҳои ҷудогона дар Афғонистон тақрибан сад низомӣ аз Британия кушта шуданд. Дар маҷмӯъ аз оғози амалиёти зиддитеррор дар Афғонистон, 236 афсару сарбози британиявӣ ҷон бохтанд. Нерӯҳои Британия дар вилояти Ҳилманд, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, мустақаранд.
Ахиран Гордон Браун, сарвазири Британия, эълом дошт, ки авоили моҳи декабр ба Афғонистон ба таври иловагӣ боз 500 сарбози кишвар фиристода мешавад.
XS
SM
MD
LG