Пайвандҳои дастрасӣ

Обама тасмими худро эълон мекунад


Интизор меравад, ки имрӯз Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, тасмимаш дар бораи интиқоли нерӯҳои иловагӣ ба Афғонистонро эълон кунад. Ба иттилоъи Кохи Сафед, Обама дар ин бора аллакай амр содир карда, аз тасмимаш сарони Русия, Британия ва Фаронсаро огаҳ кардааст.
Ба гуфтаи сухангӯи Кохи Сафед Роберт Гибс, қабл аз тасмимгирӣ Обама бо Котиби давлатӣ Ҳилларӣ Клинтон, вазири дифоъ Роберт Гейтс ва мушовири амниятӣ Ҷеймс Ҷонс машваратҳо анҷом дод ва тавассути тамоси видеоӣ бо фармондеҳи нерӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон генерал Стэнлӣ МакКристал ва сафири кишвар дар Кобул Карл Энкенберрӣ сӯҳбат кард.
Хабаргузориҳо навиштаанд, ки Обама барои ба таври иловагӣ ба Афғонистон фиристодани боз 30 ҳазор афсару сарбози амрикоӣ тасмим гирифтааст. Фармондеҳи нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон Стенли Маккристал қаблан гуфта буд, ки барои пирузӣ аз болои мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” ва ҳампаймонҳои онҳо бояд ба Афғонистон 40 ҳазор нерӯи иловагии амрикоӣ интиқол дода шавад.
Айни ҳол дар Афғонистон 68 ҳазор афсарону сарбозони амрикоӣ ва тақрибан 32 ҳазор низомиён аз дигар кишварҳои эътилофӣ байналмилалӣ мустақаранд.
XS
SM
MD
LG