Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳои сахт ба эъломияи ҳастаии Эрон


Алиакбар Солеҳӣ, ноиб-президенти Эрон.
Алиакбар Солеҳӣ, ноиб-президенти Эрон.

Эълони ғайрмунтазираи Эрон, ки гуфтааст, 10 коргоҳи нави ғанисозии уран бунёд мекунад, нигаронии сахти байнулмилалиро ба вуҷуд овардааст. Мақомоти Теҳрон мегӯянд, онҳоро ба чунин иқдом талабҳои ахири оҷонси ҳастаии Созмони Милал водор кардааст.

Ноиб-президенти Эрон, Алиакбар Солеҳӣ мегӯяд, то танбеҳи Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ Эрон ин ниятро надошт, ки 10 коргоҳи нави ғанисозии уран бунёд кунад.

Солеҳӣ ба радиои давлатии Эрон гуфт, кишвараш мебоист ба қатъномаи оҷонси ҳастаии Созмони Милал аз 24-уми ноябр посухи маҳкам медод. Дар ин қатънома аз Эрон талаб шудааст, ки коргоҳи нави ғанисозии уранро бандад ва умуман ба ҳамаи фаъолиятҳои ғанигардонӣ хотима гузорад.

Афзоиши даҳбаробарии, бигзор, ҳанӯз ваъдагии, ғанисозии уран зоҳиран дурнамои ҳалли дипломатии бӯҳрони ҳастаиро зери суол мебарад. Ва эҳтимоли амалиёти ҳарбиро зидди Эрон, масалан, аз тарафи Исроил, бо ҳама хатарҳои ғайри қобили пешбинияш дучанд мегардонад.

Ҳамчунин бояд дид, ки ин иқдом эҳтимоли таҳримҳои нави зидди Эронро то куҷо афзоиш медиҳад. Ин ба вокуниши Русия ва Чин бастагӣ дорад, ки ба ҳама гуна талошҳои Ғарб дар эълони таҳримҳои нави Шӯрои амнияти Созмони Милал монеъ мешаванд.

Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳои он бим доранд, ки коргоҳҳои нав тавонмандии Эронро дар тавлиди урани таслиҳотӣ ба маротиб бештар мекунанд. Аммо Теҳрон мегӯяд, баракс он мақсад дорад, онгуна ки ба нақша гирифтааст, 20 ҳазор мегаватт нерӯи барқ тавлид кунад.

Дар нахустин вокунишаш, Кохи Сафед дар Вашингтон, иқдоми нави Эронро "як нақзи дигар ва ҷиддии ӯҳдадориҳои Эрон тибқи чандин қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал" номид.

Вазири умури хориҷии Бритониё, Давид Милибанд Эронро айбдор кард, ки мехоҳад, ҷомеаи байнулмилалиро таҳрик диҳад. Ҳамтои фаронсавии ӯ, Бернар Кушнер гуфт, "нақшаҳои Эрон хеле хатарноканд." Ва Олмон низ нигаронии амиқи хешро изҳор дошт.

Ҳамаи онҳо узви гурӯҳи "панҷ ҷамъи як" мебошанд, ки талош дорад, ба мушкили марбут ба Эрон ҳалли дипломатӣ пайдо кунад.

Раиси маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон, Алии Лориҷонӣ мегӯяд, вай ҳанӯз бовар дорад, ки чунин роҳи дипломатии пешрафт мавҷуд аст.

Вале шабакаи нашаротии IRIB-и Эрон гуфт, аллакай ҷои бунёди панҷ корхонаи нави ғанисозии уран муайян шуда, интизор меравад, ки сохтмони онҳо дар ду моҳи оянда сар шавад. Агар ин хабар дуруст бошад, ба назар мерасад, ки нақшаи афзоиши даҳбаробарии ғанигардонӣ хеле пештар аз интиқоду талаби оҷонси ҳастаии Созмони Милал пайрезӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG