Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар роҳ ба коргоҳ, дар троллейбуси 11 ғайриихтиёр шоҳиди баҳси ду нафаре шудам, ки яке гӯё омода буд барои Роғун, дастмузд чӣ, ҷонашро диҳад ва дигаре қатъиян мухолифи ин ки Роғун бо ҳашар сохта шавад.

Яке мегуфт:
-Ҳамаи кормандони мо дар ширкати Барқи Тоҷик як маоши худро ба ҳисоби Роғун гузарониданд,аниқтараш аз мо напурсида гузарониданд.Шумо чӣ?
Дигарӣ посух медод:
-Ман як савдогарам, хоҳам медиҳам, нахоҳам не,албатта мехоҳам гузаронам, лекин бовар надорам, ки пули ман то ҳамон маҳалли сохтмон мерасад ё не?
Мусофирони дигар, ки ба ин суҳбат гуш медоданд, бархе ба нишонаи тасдиқ сар меҷунбонданд, бархи дигар зери лаб нимшунаво чизе мегуфтанд.

Дар ҳамин лаҳзха сими троллейбус хато хурду аз ҳаракат монд, ман дигар тоқат накардам ва дар наздикии чойхонаи "Роҳат" аз троллейбус фаромадам.

Медонистам ки ҳамкорам, Зулфиқор, дар иҷлосияи Маҷлиси Намояндагон ҳузур дорад, тамос гирифтам, то бифаҳмам, ки он ҷо чӣ мегузарад ва имрӯз дар барнома аз порлумон чӣ гузорише хоҳем дошт.

Пурсидамаш, ки вакилон чӣ масъаларо мебинанд? Зулфиқор бо садои пасттар гуфт, ки дар инҷо баҳси тундутез дар масъалаи сирқат ё тасарруфи 60 миллион сомонӣ аз тарафи вазорату кумитаҳои ҳукумати Тоҷикистон аз буҷаи давлат идома дорад.

Оҳ, "Breaking news!", худ ба худ гуфтам. Дар ҳақиқат, ин хабари доғ аст. Агар ба ман хабар медоданд, ки 60 миллион евро аз буҷаи Олмон ё 60 миллион доллар аз буҷаи Амирко ва ё 60 миллион рубл аз буҷаи Русия аз тарафи масъулони давлатии ин кишварҳо тасарруф шудааст, барои ман иттилои доғ набуд, вале барои кишвари ман Тоҷикистон як кишвари фақиртарин, ки ҳоҷат ба шарҳи бештар нест, ин як рӯйдоди ғайриодист.

Бегоҳи ҳамон рӯз на шабакаи аввал ва на шабакаҳои дигар дар ин масъала на гузориш доданд ва на хабар. Боз ба ёдам сӯҳбати тролейбуси рақами 11 расид. Ба худ гуфтам, модоме ки масъулони бархе вазоратхонаҳои ҳукумат буҷаи давлатро тасарруф мекунанд, чӣ гуна мегузоранд, ки маблағи халқ безарар то сохтмони Роғун бирасад.

24-уми ноябр Тоҷикистон аввалин бор аз Рӯзи Парчами миллӣ таҷлил кард. Зери борони шадид талабаҳо ва муаллимаҳои саргардон дар назди истгоҳи бозори Баракат ҳеҷ аз ёдам намеравад. Афсӯс телефони Нокиа дуруст натавонист, наворҳои ин лаҳзаҳоро ҳифз кунад ва ҳама наворҳо кӯр шуданд. Хусусан ғиреви як талабаи синфи ибтидоӣ, ки бо дашномҳои кӯдакона ба унвони масъулоне ки талабаҳоро ба маркази пойтахт овардаанд ва дар бозгашт онҳоро фаромӯш кардаанд, такондиҳанда буд.

Аз вай пурсидам, ки чӣ шуд ва чаро гиря мекунӣ. Гуфт: «Ба мо ваъда дода буданд, ки дар бозгашт бо автобусҳо ба хонаҳо бармегардонем, лекин баъди таҷлили Парчам моро сарҳуй гузоштанд, касе суроғ намекунад. Намедонам дар ин борон ва дар ҳавои торик мошин нестай, чӣ кор кунем ва чӣ хел ба хона равем.» Аз саропои кӯдак об мерехт ва лабонаш каб-кабуд шудаанд. Парчами кучаке, ки дар даст дошт, аз борон ба як латта бадал шуда буд.

Воқеан, он лаҳзаҳо, ки ман бо чашмони худ медидам, даҳҳо талаба ва донишҷӯ ваҳмзада буданд ва надонистанд чӣ гуна ба манзилашон бирасанд. Як муаллима дар назди автобуси рақами 8 истода буду бо норозигӣ мегуфт, ки ба падару модари ин талабаҳо чӣ мегӯяд ва саломатии онҳо чӣ мешавад. "Ин чӣ парчамдорӣ аст, чӣ ид буд."

Дидани ин манзараи ҳузнангез беихтиёр маро ба ёди сӯҳбати троллейбуси рақами 11 бурд. Магар ҳақ аст он мард, ки мегуфт, бовар надорад, мабалағи аз даҳони фарзандон мекандааш ба сохтмони Роғун мерасида бошад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи хатти баландшиддати "Ҷануб--Шимол" суханронии муфассал кард, ки бахши аъзами нутқи ӯ дар бораи сохтмони Роғун ё ба истилоҳ, "Ҷабҳаи захмати созанда» буд. Ин суханронӣ аз тариқи шабакаҳои телевизонҳои давлатӣ пахш шуд. Президент самимона сӯҳбат мекард, вале батакрор аз мардуми ҷумҳурӣ шурӯъ аз деҳқони хокпош то тоҷиру соҳибкору мансбадорон тақозо мекард, ки ба суратҳисоби сохтмони Роғун пул гузаронанд ва инро номусу ифтихори миллӣ мешуморид.

Воқеан бо ҳар нафаре, ки сӯҳбат мекардам, зоҳиран омода буд, маблағеро ба сохтмони Роғун диҳад, вале ҳатман ин суолро ҳам мекард, ки оё пулаш то ба маҳали сохтмон мерасад ва кӣ замонат дода метавонад?

Посух ба ин суолро мебоист президент Раҳмон қабл аз даъвати кӯмак ба сохтмони Роғун медод. Шояд чунин посух ба ин саволу шубҳаҳо ба зудӣ дода шавад? Аммо посухе, ки боварӣ ба вуҷуд орад. Мардум бояд донанд ва бовар кунанд, ки пулашон ба сохтмони Роғун хоҳад расид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG