Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноамниҳо дар Афғонистон идома дорад


Як афсари полиси Афғонистон дар посгоҳе дар ҷанубуғарби ин кишвар ба ҷониби ҳамкоронаш оташ куншода боиси қатли шаш ва ҷароҳати ду нафар гардид. Раиси полиси вилояти Нимрӯз Абдуҷаббор Парделӣ гуфт, ки ин ҳодиса субҳи дирӯз рӯй дод. Сабаби рӯй додани ин ҳодиса маълум нест. Дар ҳамин ҳол дар шимоли Афғонистон шоми якшанбе ду марди мусаллаҳ ба ҷониби мотосикле оташ кушода як мақоми хадамоти кашфи вилоятро ба қатл расонданд. Вазорати дифоъ ҳамчунин гуфт, ки дар вилояти ҷанубии Ҳилманд нирӯҳои милливу байналмилалӣ ду ҷангиеро нобуд карданд, ки масъули ҷогузории бомбаҳои сарироҳӣ буданд.
XS
SM
MD
LG