Пайвандҳои дастрасӣ

Берлусконӣ аз Минск дидан мекунад


Сарвазири Италия Силвио Берлусконӣ имрӯз бо як сафари корӣ вориди пойтахти Беларус, шаҳри Минск хоҳад шуд. Ин нахустин раҳбари ғарбӣ аст, ки дар тӯли беш аз даҳ соли охир барои нахустин бор аз Беларус дидан мекунад. Сафари мазкур дар шароити тадриҷан беҳбудёбии равобити миёни Ғарбу Беларус сурат мегирад. ИМА ва Аврупо ҳукумати Александр Лукашенкоро пайваста барои поймолшавии ҳуқуқи инсон ва кӯтаҳӣ дар ислоҳоти демократии кишвар танқид мекунанд, вале вақтҳои охир Лукашенко талош кардааст инзивои дипломатии Беларусро бо ҷаҳони Ғарбу Аврупо қатъ кунад. Ҳафтаи гузашта вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо розӣ шуданд, ки барои беҳтар кардани ҳамкориҳо бо Беларус маҳдудиятҳои масдудшударо дар заминаи таҳрими сафари Лукашенко тадриҷан аз байн бубаранд.
XS
SM
MD
LG