Пайвандҳои дастрасӣ

Тарафдории баъзе ҳизбҳо аз манъи сохтмони манораҳо


Ҳизбҳои ростгарои ҳолландиву даниягӣ имрӯз гуфтанд, ки баъди райъдиҳии ахир дар Швейсария, ки сохтмони манораҳои масҷидро манъ кардааст, роҳандозии айнан чунин раъйгириро дар кишварҳои худ мехоҳанд. Раҳбари ҳизби ростгарои озодии Ҳолланд Геерт Вилдерс дар сӯҳбат бо як нашрияи маҳаллӣ гуфт, ки ҳизби ӯ аз ҳукумат тақозо хоҳад кард, ки айнан чунин раъйдиҳиро дар ин кишвар баргузор кунанд. Раҳбари ҳизби мардумии Дания Пия Кяерсгаард ҳам аз натиҷаҳои раъйдиҳӣ дар Швейсария истиқбол карда гуфт, ки ҳизби онҳо низ баргузории айнан чунин референдумро дар кишвари худ талаб хоҳанд кард. Ҳизби мардумии Дания дар парлумони иборат аз 179 узв 25 курсиро дар ихтиёр дорад, вале барои даъвати референдум 60 раъйи тарафдор лозим мешавад. Рӯзи якшанбе дар Швейсария дар як раъйдиҳӣ 57 дар сади мардум гуфтанд, ки мухолифи сохтмони манораҳо дар масҷидҳои маҳаллӣ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG