Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон: "Ҳанӯз имкони музокира вуҷуд дорад"


Раиси парлумони Эрон Алии Лориҷонӣ гуфт, ки ҳанӯз барои музокираи дипломатӣ дар атрофи барномаи ҳастаии ин кишвар имконият вуҷуд дорад. Изҳороти ӯ баъди он пахш шуд, ки рӯзи якшанбе Эрон дар бораи нияти бунёди 10 коргҳои нави ғанисозии ураниум хабар дод. Ба назар мерасад, изҳороти мазкур посухест ба интиқоди ҳафтаи гузаштаи Оҷонси нирӯи ҳастаии СММ аз Эрон барои бунёди махфии коргоҳи ғанисозии ураниум. Зимни сӯҳбат дар бораи коргоҳҳои нави кишвараш Алиакбари Солеҳӣ, раиси созмони энержии атомии Эрон гуфт:
“Мо, қарор аст 10 коргоҳи ҷадидро бунёд кунем, ки тавлидоташ ба андозаи Натанз бошад. Чунки мо аз сентрифугаҳои ҷадид истифода хоҳем кард. Теъдоди сентрифугаҳо камтар хоҳад буд, коргоҳ кӯчактар хоҳад буд, вале ҳамон тавлидро хоҳад дошт. Ин коргоҳҳо дар дили кӯҳ хоҳад буд, ки аз ҳар навъ ҳамалот масун бошад”.
ИМА имрӯз гуфт, ки фурсати Эрон барои расидагӣ ба нигарониҳои ҷомеаи байналмилалӣ дар заминаи барномаи ҳастаии ин кишвар аз даст меравад.
XS
SM
MD
LG