Пайвандҳои дастрасӣ

Барандагони ҷоизаи Зебинисо Рустамова


Фотима Тағоева, камонвари тоҷик, соҳиби ҷои аввал дар мусобиқа шуд

Фотима Тағоева, камонвари тоҷик, соҳиби ҷои аввал дар мусобиқа шуд

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти ҷоизаи Зебинисо Рустамова, собиқ қаҳрамони ҷаҳон, 30-юми ноябр бо пирӯзии варзишгарони шаҳри Душанбе ба анҷом расид.

Наргис Набиева, сардори раёсати тарбияти бадан ва рушди варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Федеросиюни камонварии кишвар, зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: «Ин мусобиқа пас аз 20 соли таваққуф дубора аз сар гирифта шуд. Барои дарёфти ҷоизаи камонвари машҳури тоҷик Зебинисо Рустамова, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Монреал ва қаҳрамони мутлақи ҷаҳон, 30 нафар беҳтарин варзишгарон аз манотиқи мухталифи кишвар дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе тӯли панҷ рӯз қувваозмоӣ карданд. Умедворем, ки ин мусобиқа минбаъд мақоми байнулмилалӣ касб хоҳад кард ва бо ширкати варзишгарони хориҷӣ баргузор хоҳад шуд».

Дар сабқати занон Фотима Тағоева ғолиб гашт. Хоҳараш Зӯҳро ҷои дуввумро касб кард. Фирӯза Зубайдова дар ҷои севум қарор гирифт.

Дар сабқати мардон Ҷамолиддин Шамсиддинов пирӯз гардид. Алишер Раҷабов ҷои дуввум ва Баҳроми Фирӯз ҷои севумро азони худ карданд.

Ҷоизаҳоро ба ғолибони мусобиқа Зебинисо Рустамова, камонвари машҳури тоҷик, ва Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, супурданд.
XS
SM
MD
LG