Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи додгоҳи Ҷон Демянюк дар Олмон


Ҷон Демянюк, як марде, ки барои иҷрои вазифаи нозири қароргоҳи нозӣ дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон муттаҳам мешавад, имрӯз дар додгоҳи шаҳри Мюнҳени Олмон ҳозир шуд. Ин марди украиниасли 89-сола барои кӯмак дар куштори наздики 28 ҳазор яҳудӣ дар қароргоҳи Собибори Лаҳистон муттаҳам мешавад. Демянюк қабл аз ба қароргоҳ афтоданаш дар артиши шӯравӣ хизмат карда ба дасти нозиҳо асир меафтад ва ба ҳамкорӣ бо олмониҳо розӣ мешавад. Маросими имрӯзаи додгоҳ, ки бо як соат таъхир шурӯъ шуд, эҳтимолан охирин додгоҳи як сарбози нозӣ дар Олмон хоҳад буд. Барои назорат аз мурофиа одами зиёд, шоҳидони солҳои ҷанг, наздикони қурбониҳои Ҳолокост ва журналистон ҷамъ шуда буданд. Дар додгоҳ Демянюк савори аробача ҳозир шуд. Додситони давлатӣ Барбара Стокингер гуфт, ки бо сабаби вазъи саломатии нафари айбдоршаванда мурофиа дар як рӯз ду дафъа бо мӯҳлати 90-дақиқагӣ идома хоҳад кард. Вай гуфт:

“Барои ин мурофиа 35 рӯз мӯҳлат дода шудааст. Мушкили ин мурофиа дар он аст, ки мо фақат ду бор дар рӯз 90-дақиқагӣ метавонем додгоҳро идома диҳем. Шоҳидони зиёд ҳозир хоҳанд шуд, далелу шаҳодатҳои зиёд ба намоиш гузошта мешавад. Интизори мо ин аст, ки мурофиаи додгоҳӣ то охири моҳи майи соли оянда идома кунад. Ҳоло мо гуфта наметавонем, ки оё ин фурсат барои мо кофӣ аст ё на”.

Баъди муборизаи тӯлонии додгоҳӣ алайҳи истирдодаш аз ИМА -макони зисти баъдиҷангии Демянюк, аввалҳои соли ҷорӣ додгоҳи амрикоӣ тасмим гирифт, ки ӯро ба Олмон барои посух додан дар баробари додгоҳ таслим кунад.
XS
SM
MD
LG