Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хандаҳои талхи "Нахудак"


Дар блогистони тоҷикӣ як торнигори нав пайдо шуд, ки муаллифаш ба рӯйдодҳои зиндагӣ аз нигоҳи танз чашм меандозад.

Албатта, дар гузашта низ блогнависоне гаҳ-гоҳ аз танзу ҳаҷв истифода кардаанд, вале веблоги "Нахудак" пурра танзомез буда, номи он ба афсонаи машҳури тоҷикӣ ишора мекунад. Бархе аз навиштаҳои "Нахудак", ки худро "фарзанди замони нав" меномад, ҷолибанд, вале аксари онҳо бознависи замонавии латифаҳои таърихӣ ва ё мутобиқ гардондани ҳаҷвияҳои хориҷӣ барои баёни вазъи Тоҷикистонанд. Бо вуҷуди ин нишонаҳое ба назар мерасад, ки ин блог мехоҳад, танзро сабку лаҳни асосии худ қарор диҳад ва нишонаҳое ҳаст, ки дар оянда метавон дар он танзҳои асили замони навро мутолиа намуд. Нишонии блоги нав: "Нахудак"

НАХУДАКИ БИЗНЕСМЕН

Нахудак дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аз Ватанаш меравад. Ҷанг ба итмом расид, вале аз Нахудак ҳамоно ному нишоне набуд. Ҳеч кас аз макони ӯ хабар надошт. Волидайни Нахудак низ ҳамеша дар ташвиш буданд.

Рӯзе падари Нахудак хабар меёбад, ки писараш берун аз Ватан будааст ва шумораи телефонии ӯро дастрас мекунад. Пас, ба писараш занг мезанад.
- Ало, Нахудак худат ҳастӣ?
- Чӣ буд, ба Шумо кӣ даркор аст? – бо савол ҷавоб мегардонад Нахудак.
- Э, ман падарут!!!
- Ааа, ата худтӣ? Хуб ҳастӣ, чӣ ҳол дориву модарам чи хел аст?
- Ҳама зинда, бо ёди ту рӯзро шаб мекунанд…

Ба ин минвол миёни писару падар аҳволпурсӣ давом мекунад. Баъд падар мепурсад, ту худут чӣ кор карда гаштаӣ?
- Атаҷон корам бизнесменӣ аст.
- Бизнесмениаш чӣ?
- Савдогарум, яъне ба хариду фурӯш бандам.
- Чӣ мефурӯшӣ?
- Ҳама чиз. Аз як ҷо гӯгирд меораму ба ҷои дигар лампаи чароғ мебарам. Ата, чизе дар дастамон афтид, мехарему мефурӯшем.
- Фаҳмо. Як чӣ пурсам бачам. Ҳамин, ту чанд сол шуд, ёди мо намекунӣ, яъне Ватанро ҳам ба дастатон афтад, Шумо мефурушен?
- Эээ, атаҷон худута ман одами мефаҳмидагӣ мегуфтаму тамоман сода будаӣ. Ин Ватане, ки ту мегӯиш, барвақт фурӯхта буданд!
XS
SM
MD
LG