Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико мегӯяд фурсати Эрон аз даст меравад


ИМА мегӯяд, ки фурсати Эрон барои расидагӣ ба нигарониҳои ҷомеаи байналмилалӣ дар заминаи барномаи ҳастаии ин кишвар аз даст меравад. Изҳороти Кохи Сафед баъди он пахш шуд, ки Теҳрон охири ҳафтаи гузашта гуфт, нияти сохтмони 10 коргоҳи нави ғанисозии ураниумро дорад. Дар изҳороте сухангӯи Кохи Сафед Ричард Гиббс гуфт, ки ин мавриди дигари поймолкунии дағалонаи ӯҳдадориҳои Эрон бар тибқи қатъномаҳои чандинкаратаи Шӯрои амнияти СММ хоҳад буд. Ин дар ҳолест, ки СММ ахиран Теҳронро барои ба таври махфӣ пеш бурдани ин корҳо сарзаниш кардааст. Дар робита бо изҳороти ахири Эрон Олмон нигаронии амиқ изҳор карда вазири хориҷаи Бритониё Дейвид Миллибанд ин кишварро барои кӯшиши таҳрик додани ҷомеаи байналмилалӣ танқид кард. Раиси ҷумҳурии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфтааст, ки Эрон бояд солона тавлиди 250-300 тонна сӯхти ҳастаиро ҳадафи худ қарор диҳад ва барои расидан ба ин мақсад бояд аз сентрифугаҳои наву босуръат истифода кунад. Як мақоми баландпояи энержии Эрон гуфт, ки ба хотири ҳифзи таъсисоти нав аз ҳамлаҳои эҳтимолии низомӣ онҳо дар умқи кӯҳҳо бунёд хоҳанд шуд. Хабаргузории расмии ИРИБ мегӯяд, ки ҷойгоҳи панҷ коргоҳи нави ғанисозӣ аллакай мушаххас шуда кор дар ин муассисаҳо дар ду моҳи дигар шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG