Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шматко: Нерӯгоҳи Бушеҳр рӯзҳои наздик фаъол мешавад


Вазири энерҷии Русия Сергей Шматко изҳор намуд, ки баҳрабардорӣ аз нерӯгоҳи ҳастаии Бушеҳри Эрон рӯзҳои наздик шурӯъ мешавад. Сергей Шматко айни ҳол бо як сафари корӣ дар Эрон аст. Хабаргузориҳои Русия аз қавли ӯ гуфтаанд, озмоиши ин нерӯгоҳи ҳастаӣ, ки бо ширкати Русия бунёд шудааст, муваффақ идома дорад.
Сергей Шматко баъд аз мулоқот бо вазири саноати нафти Эрон Масъуди Миркозимӣ бо хабарнигорон мулоқот кард ва аммо аз ташреҳи изҳороти Теҳрон дар бораи бунёди даҳ корхонаи нави ғанисозии ураниум дар Эрон худдорӣ намуд.
XS
SM
MD
LG