Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба кормандони полис дар аёлати Вошингтон


Дар канори пойгоҳи нерӯҳои ҳавоии ИМА дар мавзеъи Такомаи аёлати Вошингтон чаҳор афсари полис, аз ҷумла, як зан, ҳадафи тир қарор гирифтанд. Намояндаи полиси маҳаллӣ Эд Тройер гуфт, мусаллаҳи ношинос сӯи кормандони полис дар ҳоле оташ кушод, ки онҳо қабл аз шурӯъи навбатдорӣ дар як қаҳвахона машғули кор дар компутарҳои дастии худ буданд. Ӯ афзуд, ҳанӯз маълум нест, ки кормандони полис барои оташи ҷавобӣ кушодан имкон пайдо карданд ё на. Тибқи фарзияи пешакӣ, ҳамла ба кормандони полис пешакӣ тарҳрезишуда буд.
XS
SM
MD
LG