Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Швейтсария манорасозӣ мамнӯъ мешавад


Бино ба натиҷаҳои расмии раъйпурсии умумӣ дар Швейтсария мардум ба ҷонибдории манъи бунёди манораҳо дар масҷидҳои ин кишвар шудаанд. Хабаргузории расмии Швейтсария мегӯяд, 57 дар сади мардум аз пешниҳод барои манъ кардани бунёди манораҳо тарафдорӣ кардаанд. Натиҷаҳои муқаддамотии аз вилояти Тисино низ нишон додааст, ки 68 дар сад тарафдори чунин коре будаанд. Раъйпурсӣ аз тарафи як ҳизби ростгарои Швейтсария пешниҳод шуд, ки мегӯяд, манораҳои масҷидҳо талоше барои нишон додани қудрат ва бахше аз стротежӣ барои исломӣ кардани Швейтсария аст. Ҳукумат ва порлумони кишвар пешниҳоди матраҳшударо мухолиф ба Қонуни Асосии Швейтсария, озодии эътиқод ва суннати таҳаммулпазирии мардуми кишвар хондаанд.
XS
SM
MD
LG