Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар ҷустуҷӯи омилони бомбгузорӣ


Муфаттишони Русия дар ҷустуҷӯи омилони эҳтимолии бомбгузорӣ дар қаторе ҳастанд, ки рӯзи ҷумъа аз роҳаш хориҷ шуд ва сабаби марги 26 нафар гардид. Александр Бортников – мудири Эф Эс Бе ва ё Хадамоти амнияти федероли Русия гуфт, баъди пайдо кардани боқимондаҳои маводи тарканда дар маҳалли садамаи қатори Маскав – Санкт-Петербург қазияе бо иттиҳоми тероризм боз карданд. Наздикони қурбониён имрӯз дар шаҳри Твер наздикии маҳалли ҳодиса барои шиносоии ҷасадҳои наздиконашон омадаанд. Бар асари аз роҳ хориҷ шудани се вагони мусофирбар ҳамчунин бештар аз сад нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Соли 2007 як чунин таркише дар роҳи оҳани мазкур, 30 нафарро маҷрӯҳ кард. Ду нафар аз афроди муттаҳам ба иртибот бо ҷудоихоҳони чеченро масъули таркиши соли 207 хондаанд.
XS
SM
MD
LG