Пайвандҳои дастрасӣ

Поёни раъйпурсиии ҷанҷолбарангези Швейтсария


Бино ба гузориши телевизиони Швейтсария, дар раъйпурсии умумии имрӯза, зоҳиран мардум ба тарафдории манъи бунёди манораҳои масоҷид дар ин кишвар раъй додаанд. Телевизиони фаронсавизабони ин кишвар гузориш дод, ки баъди 30 дақиқаи баста шудани марказҳо, дар раъйдиҳӣ “тамоюли мусбат” мушоҳида шуд, ки ба гуфтаи телевизион “бисёр ҳайратовар” аст. Раъйпурсӣ аз тарафи як ҳизби ростгарои Швейтсария пешниҳод шуд, ки мегӯяд, манораҳои масҷидҳо талоше барои нишон додани қудрат ва бахше аз стротежӣ барои исломӣ кардани Швейтсария аст. Ҳукумат ва порлумони кишвар пешниҳоди матраҳшударо мухолиф ба Қонуни Асосии Швейтсария, озодии эътиқод ва суннати таҳаммулпазирии мардуми кишвар хондаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG