Пайвандҳои дастрасӣ

Талафоти афзоянда дар обхезиҳои Ҷидда


Хадамоти ҳолатҳои изтирории Арабистони Саудӣ эълом карданд, ки теъдоди қурбониёни обхезӣ дар шаҳри бандарии Ҷидда аз 103 нафар гузаштааст. Аз чанги фалокат 1400 нафарро раҳо кардаанд. Бар асари боронҳои шадиди рӯзи 25 ноябр, ки Арабистон солҳо боз шоҳид нашуда буд, шаҳри Ҷидда воқеъ дар соҳили Баҳри Сурхро зери об кард. Аксари қурбониён ё бар асари фӯру рафтани пулҳо ва ё садамаҳои нақлиётӣ ҷон додаанд. Ҷидда шаҳри аслиест, ки зойирони Каъба аз тариқи он ба Маккаву Мадина сафар мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG