Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли 26 ҷангҷӯ дар Хӯсти Афғонистон


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар як набарде бо ҷангҷӯёни Толиб дар шарқи кишвар ва дар марз бо Покистон, 26 тан аз он ифротгароёнро куштанд. Вазорати умури дохилаи Афғонистон гуфт, ин ҷанг шаби шанбе дар ноҳияи Гурбуз воқеъ дар вилояти Хӯст сурат гирифтааст. Шер Аҳмад Кӯчӣ, як афсари баландпояи нерӯҳои марзбонӣ дар Хӯст гуфтааст, ки аксарияти тундравони кушташуда “хориҷиён” будаанд. Ба гуфтаи вай, яке ҷангҷӯёни маҷрӯҳи чеченро дастгир кардаанд. Ба иттилоъи вазорати умури дохила, ягон нафар аз нерӯҳои амниятӣ дар ин ҷанг осеб надидаанд.
XS
SM
MD
LG