Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раъйпурсии ҷанҷолбарангези Швейтсария


Дар Швейтсари имрӯз раъйпурсии умумӣ дар мавриди будан ва ё набудани манораҳо баргузор мешавад, ки аз онҳо мусулмононро ба намозгузорӣ даъват мекунанд. Пешниҳоди раъйпурсӣ аз тарафи як ҳизби ростгарои Швейтсария матраҳ шуд, ки мегӯяд, манораҳои масҷидҳо талоше барои нишон додани қудрат ва бахше аз стротежӣ барои исломӣ кардани Швейтсария аст. Раъйпурсии умумӣ баъди он эълом шуд, ки мухолифони мавҷудияти манораҳо дар Швейтсария садо ҳазор имзо ҷамъ оварданд. Ҳукумати кишвар аз мардум хостааст, мухолифи пешниҳоди ростгароён раъй диҳанд, зеро ба гуфтаи онҳо, ин кор мухолифи озодиҳои мазҳабист ва обрӯи Швейтсарияро мерезонад.
XS
SM
MD
LG