Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сангандозии зоирон ба тимсоли шайтон


Миллионҳо нафар аз зойирини Макка, дар идомаи адои маросими Ҳаҷ, имрӯз ба тимсоли Шайтон санг меандозанд. Ҳудуди 3 миллион зоир имрӯз аз водии Мино мегузаранд ва ба деворҳое санг меандозанд, ки тимсоли васвасаи шайтон аст. Баъди сангандозӣ зоирон ба Макка бармегарданд ва Каъбаро зиёрат мекунанд, ки муқаддастарин макон барои мусулмонҳои ҷаҳон маҳсуб мешавад. Маросими зиёрати Ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ бузургтарин ҳамоиши солонаи инсонҳо дар ҷаҳон аст. Аз Тоҷикистон имсол бештар аз 5 ҳазор нафар ба зиёрати Маккаву Мадина омадаанд.
XS
SM
MD
LG