Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости Байден дар мавриди интихоботи Ироқ


Ҷо Байден – ноиби раиси ҷумҳури Амрико, аз раҳбарони ироқӣ хостааст, то ихтилофоти назарашон дар робита ба қонуни интихоботро рафъ кунанд, ки то интихоботи умумии соли оянда баргузор шавад. Кохи Сафед гуфт, Ҷо Байден рӯзи шанбе бо раҳбарони ироқӣ сӯҳбат ва онҳоро ташвиқ кардааст, то созишномаеро ниҳоӣ кунанд, ки баргузории интихоботро имконпазир месозад. Вакилони мардумии Ироқ аввали ҳамин моҳ Қонун дар бораи интихоботро тасвиб карданд, вале Тариқ Ал-Ҳошимӣ - ноиби раиси ҷумҳур онро вето гузошт. Интихоботи порлумонии Ироқ ба моҳи январ барномарезӣ шудааст, вале бе тасвиби қонуни интихобот аз тарафи Шӯрои раёсати ҷумҳури Ироқ, интихобот баргузор намешавад.
XS
SM
MD
LG