Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Эрон ба оҷонси Созмони Милал


Баъд аз он ки Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ Эронро барои пинҳонӣ бунёд кардани як корхонаи ғанисозии ураниум интиқод кард, Алӣ Лориҷонӣ - раиси порлумони Эрон, ҳушдор дод, кишвараш метавонад, ҳамкориаш бо оҷонси мазкурро ба таври ҷиддӣ коҳиш диҳад. Зимни суханронӣ дар порлумон, Алӣ Лориҷонӣ гуфт, агар фишори бо ҳидояти Ғарб идома кунад, Эрон мизони муколамааш бо Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомиро бознигарӣ хоҳад кард ва ин коҳиши муколама ҳам "бисёр ҷиддӣ" хоҳад буд. Оҷонси мазкур рӯзи ҷумъа бо судури қатъномае аз Эрон хост, то бунёди корхонаи чанде пеш ошкоршудаи ғанисозии ураниум дар наздикии Қум ва фаъолиятҳои ғанисозии ураниумро муттавақиф кунад. Порлумони Эрон ҳамин рӯз дар мавриди посух ба интиқоди Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ баҳс хоҳад кард. Алӣ Асғар Султония – намояндаи Эрон дар оҷонс гуфт, Эрон бо вуҷуди иқдомоти ин ниҳод ва Шӯрои Амният ва ё ҳатто таҳдиди ҳамла ба таъсисоти атомиаш, фаъолиятҳои ҳастаиашро идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG