Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай супоришҳои мушаххас хоҳад гирифт


Гордон Бровн – нахуствазири Бритониё, мегӯяд, дар назди Ҳомиди Карзай – раиси ҷумҳури Афғонистон, барои тамрини артиш ва беҳбуди мудирияти ҳукуматҳои маҳаллӣ вазифаҳои мушаххас гузошта хоҳад шуд. Гордон Бровн дар ин бора зимни эъломи баргузории як конфронси байналмилалӣ дар мавриди Афғонистон сӯҳбат кард, ки қарор аст, рӯзи 28 январ баргузор шавад. Гордон Бровн дар нишасте дар Тринидад Тобаго гуфт, ҳадаф аз конфронс додани супоришҳои мушаххасест, ки бо иҷрои онҳо нерӯҳои хориҷӣ тавонанд дар ниҳоят Афғонистонро тарк намоянд. Бан Ги Мун – дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ки дар канори Гордон Бровн сӯҳбат мекард, гуфт, баъди ҳамоиши амниятии Ландан як чунин нишасти дигаре дар шаҳри Кобул низ баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG