Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Авҷ гирифтани талафот аз зукоми хук


Теъдоди қурбониёни бемории зукоми хук дар саросари ҷаҳон ба як борагӣ афзудааст. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, танҳо дар ҳафтаи гузашта, аз 1000 мавриди марг бар асари беморӣ гузориш шудааст. Ҳамингуна зукоми хуку аз моҳи апрел то кунун ҷони 7800 нафарро дар саросари ҷаҳон гирифтааст. Аксари қурбониёни беморӣ тақрибан 5 500 нафар аз кишварҳои Амрикои Ҷанубиву Шимолӣ будаанд ва Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, Аврупо ҳам ҳафтаи гузашта шоҳиди ҳалокати афзояндаи беморон шудааст, яъне дасти кам 650 нафар. Созмони мазкур мегӯяд, аз Молдова доир ба тавсиъаи вируси зукоми хук бештар гузориш мешавад ва дар Белорусу Сербистон ва Укроин ин беморӣ ба авҷи худ расидааст. Мақомоти Тоҷикистон низ бори аввал гузориш доданд, ки се шаҳрванди хориҷӣ дар кишвар гирифтори зукоми хук шудаанд.
XS
SM
MD
LG