Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмади Хотамӣ: "Эрон кӯтоҳ намеояд."


Як рӯҳонии баландпояи Эрон имрӯз гуфт, Эрон на бо таҳдид ва на бо ришват аз ҳуқуқи худ барои доштани фанновариҳои атомӣ кӯтоҳ нахоҳад омад. Аҳмад Хотамӣ - узви Шӯрои қудратманди Хубрагони Эрон дар робита ба қатъномаи Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ сӯҳбат мекард, ки Эронро рӯзи ҷумъа маҳкум кард. Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ Эронро барои бунёди пинҳонии таъсисоти нави ғанисозии ураниум маҳкум карда ва хост, то иҷрои ин тарҳ фавран боздошта шавад. Ин бори аввал аст, ки дар зарфи чаҳор соли ахир шӯрои ҳуккоми оҷонси мазкур, қатъномаи интиқодӣ нисбат ба Эронро тасвиб кардааст. Давлати Амрико гуфт, сабри ин кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба мавзӯъи атомии Эрон “маҳдуд” аст ва фурсат барои он кам мондааст. Роберт Гибс - сухангӯи Кохи Сафед гуфт, Эрон ба аҳдҳояш вафо накардааст, ва “ инзивои фазоянда ва паёмадҳои барои он” бо айби худи ин кишвар хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG